Комиссияи шаҳри Истаравшан оид ба сарфароз гардонидан бо унвони «Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; банди 2.1 Низомнома оид ба тартиби пешниҳод ва додани унвони «Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан», ки бо Қарори Раиси шаҳри Истаравшан аз 5 ноябри соли 2024, №517 тасдиқ шудааст ва дар асоси пешниҳоди Раиси шаҳри Истаравшан аз 2 сентябри соли 2025, №1228, инчунин пешниҳоди Комиссия оид ба тартиби пешниҳод ва додани унвони «Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан» аз 2 сентябри соли 2025, №1229 қарор мекунам:
Маҳмудзода Маҳкам ва Мирсаидов Улмас, академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барои хизматҳои бардавом, бенуқсон ва арзанда, саҳми босазо дар рушди ҳокимияти қонунгузорӣ ва судӣ, пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, инчунин барои фаъолияти пурсамари ташкилотӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, омода кардани кадрҳои ҷавону боистеъдод ва саҳми арзанда дар ободонии шаҳри Истаравшан бо унвони «Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан» қадрдонӣ карда шаванд.